Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вожаҳои соли 2013: Номзади арзанда, зиракии сиёсӣ, БиоПапа...


Таърихро нафақат рӯйдодҳову шахсиятҳо, балки ҳамчунин калимаҳои алоҳида месозанд. Матни корти муаррифии соли 2013-уми Тоҷикистонро вожаву ибораҳое, чун “номзади арзанда”, “ зиракии сиёсиро аз даст надиҳед” ё ДНК-ву “БиоПапа” "зеб" медиҳанд.

Ҳар сол нафақат бо рӯйдодҳову бо шахсиятҳои хабарсозаш, балки бо як идда вожаву ибораҳое, ки ҷавви ҳоким бар таҳаввулоти ин солро муайян мекунанд, дар ёдҳо нақш мебандад. Соли 2013 соли интихобот буд, соли “интихоботи тоҷикӣ” ва табъан бештари вожаҳову таркибҳои вирди забон ва "мерос"-и ин як соли охир сиёсианд.

Як соли Тоҷикистон дар вожаҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:57 0:00
Линки мустақим

"Номзади арзанда", яъне кӣ?

Ва як рамзи умдаи “интихоботи тоҷикӣ” даъватҳо ба пуштибонӣ аз “номзади арзанда” буд, ки ҳам аз сӯи расонаҳои давлатӣ ва ҳам аз сӯи ҳамаи 5 номзади дигар таблиғ мешуд. Номи мушаххасе гирифта намешуд, вале азбаски раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маъракаи таблиғотиашро бар пояи ҳамин шиори “ Ба номзади арзанда овоз диҳед!” дуруст карда буд, тақрибан барои ҳама рӯшан буд, ки манзур аз ин “номзади арзанда” кист?

Шукрона Аҳмадова
Шукрона Аҳмадова
Шукрона Аҳмадова, хабарнигори ҳафтаномаи “Наҷот” мегӯяд: “Сол соли интихобот буд ва ба ин далел як ибораи аз ҳама маъмули сол ҳамин номзади арзанда буд ва ду ибораи дигари низ марбут ба ин маъракаи сиёсӣ, ки яке ҳамон “Шукрона кунед!” аст, ки забонзада ҳам шуда бошад, имсол хеле баландтару бештар садо дод. Ва ибораи дигар “Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед!”

"Шумо тинҷиро намехоҳед!"

Ин ду ибораро дар баҳсҳои интернетиву дар сӯҳбатҳои мардум дар қиболи ҳар нафаре ки лаб ба танқиди ҳукумат мекушод, гоҳо шӯхиомезу гоҳе ҳам хеле ҷиддӣ кор мебурданд.“Шумо тинҷиро намехоҳед!” иддаои дигаре буд, ки дар ин сол зиёд корбурд шуд ва асосан алайҳи мухолифин. Мисли гурӯҳи занҳое, ки дар аввали декабр нишасти раиси ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоировро бо ҳамин ҳарфҳо вайрон карданд: “Чӣ, тинҷиро намехоҳед шумо? Мо тинҷиро мехоҳем! Эмомалиро тасдиқ карданд, боз чаро шумо зидди Эмомалӣ зада истодаед?”

Ҳамлаи ғофилгиронаи гурӯҳе аз занҳо ба нишасти хабарии Зоиров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00


Исфандиёри Назар
Исфандиёри Назар
Исфандиёри Назар, шоир ва хабарнигори тоҷик мегӯяд, дар ягон соли дигар вожаҳову таркибҳои манфӣ дар баҳсҳои сиёсӣ ин қадар истифода нашудааст, ки дар соли 2013: “Таъбирҳое истифода шуданд, ки нафақат шаъну эътибори нафари мухотабро паст мезаданд, балки тавонистанд ки ҷомиаи Тоҷикистонро ба чанд гурӯҳ тақсим кунанд. Масалан бо таркибҳое, чун “хоини Ватан”, “ватанфурӯш” нафареро, ки ақидаи мухолиф дорад, ба доштани хоҷаи хориҷӣ ва фурӯхта шудан таънаву дашном мекунанд.”

"Соҳибкори ватанӣ"-и беном

Ҳамин тавр, моҷарои омада бар сари яке аз шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон вожаи плагиатро дар забонҳо андохт ва ҳама дар ҷустуҷӯи фарҳанг афтоданд, ки асардуздӣ чисту муворада, яъне маънӣ бурдан, чӣ? Дар соли 2013 “қайчии президент” ва “лентабурӣ” ҳам дар забонҳо боқӣ монд, вале инбор дар канори вожаи “соҳибкори ватанӣ”. Матбуоти давлатӣ дар шарҳи иншооти беҳисобе, ки лентаашонро шахсан Эмомалӣ Раҳмон мебурид, аз саҳми “соҳибкорони ватанӣ” дар қомат афрохтани ин бино ҳам зикр мекарданд, вале асосан бе бурдани ном. Ҳарчанд корхонаҳои сохтаи ин соҳибкорони ватанӣ бе ягон ибо барои таблиғи “сиёсати хирадмандона”-и ҳукумат истифода мешуд.

Ибораи дигари сол “Дастҳо - пеши бар!” буд ва баёнгари зуҳури анъанаҳои навбанав дар тарзи пешвозу истиқбол аз раисиҷумҳур дар навоҳии гуногун. Нуқтаи барҷастаи ин пешвозгириҳои “шоҳона” яке фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзохӯҷа Аҳмадов дар Рашт буд, ки аз байни замини пур аз халтаи картошкааш даст пеши бар ба истиқболи оқои Раҳмон медавид ва якеи дигар – як гурӯҳи тифлони хурдсол дар вилояти Суғд, ки дар дохили ҳавзи шиноварӣ то миён дар об ларзида-ларзида, чашм ба роҳи президент буданд.

"БиоПапа", ки "НаБио, папа" шуд

Ибораи дигари сиёсии сол “Ба умеди хоҷагони хориҷиатон нашавед” буд, ки ҳатто дар паёми имсолаи президент Эмомалӣ Раҳмон роҳ ёфт ва талотуми ҳодисоти баъдӣ нишон дод, ки онҳое ки ин “панд”-ро ба гӯш ҳалқа накарданд, баҳояшро пардохтанд. Мисли соҳибкор Зайд Саидов, ки пушти панҷара рафт ва аз ҷумла ба ҷароими нангине, чун “таҷовуз ба номус”.

Моҷарои ташхиси ДНК-и ӯ аз ҷониби ширкати маскавии “БиоПапа”, ки гӯё падари фарзанди яке аз ин духтарони даъвогар будани Зайд Саидовро таъйид мекард, вале баъд санади сохта унвон шуд, вожаҳои ДНК ва “БиоПапа”-ро дар забонҳо андохт ва хабарнигори тоҷик Зафар Абдуллоев бо танз навишт, ки “Био Папа” “Био, папа” буд, вале дар ин қазия ҳама корро карданд, ки папа набиояд.

Хуршеди Атовуллоҳ
Хуршеди Атовуллоҳ
Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, ки ҳар ҳафта дар як гӯшаи вижаи “Гуфтед? Мегӯянд!” ибораҳои вирди забони ҷомиаро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, иттиҳоми “таҷовуз ба номус” дар пасманзари қазияи Зайд Саидов як иттиҳоми “беобрӯ” шуд: “Ибораи “БиоПапа” ва “таҷовуз ба номус” имсол ба як хандахариш табдил шуд. Ва ҳатто Ойниҳол Бобоназарова вақте номзадиашро ба интихобот пешбарӣ кард, як гапи таърихӣ гуфта буд, ки маро ҳадди ақал мисли мардҳо ба таҷовуз ба номус айбдор карда наметавонанд.”

Набзи замон дар вожаҳо

Аммо чӣ омилҳое вожаҳову таъбирҳои дар назари аввал оддиеро, мисли намунаҳои боло, ин қадар вирди забону саросарӣ мекунад?

Орзу Исоев
Орзу Исоев
Орзу Исоев, шоир ва хабарнигори тоҷик ибораҳоеро, ки дар мавсиму марҳилаи вижае дар қиболи ягон рӯйдоди мушаххас мавриди истифодаи фаровон қарор мегиранд, ибораҳои "мавсимӣ" меномад ва мегӯяд: “Ин қабил вожаҳо дар заминаи ҳаводис, барномарезиҳо ва воқеаҳо расонаӣ мешавад. Дар ҳар гуна шакл чунин вожаҳоро метавон дид: танзомез, манзум, лаҳҷавӣ ва ғайра. Ин вожаҳои саризабонӣ, ки дар асоси рӯйдодҳо маъмул мешаванд, баъди гум шудани аҳамияти рӯйдод аз хотиру зеҳнҳо зудуда мегарданд ва то ҳадде архаизм мешаванд.”

Орзу Исоев меафзояд, ба ҳар ҳоле, чунин таркибҳо набзи замонро дар марҳалаҳои мушаххас ифода мекунанд. Ба бовари Хуршеди Атовуллоҳ, вожаҳову ибораҳои вирди забон як навъ баёнгари фикри ҷомиа дар бораи рӯйдодҳоест, ки аз сараш мегузарад: “Коршиносон ва забондонҳо фикр мекунанд, ки ин баёнҳои содда аломати бехабарии мардум аз забону мафҳумҳои сиёсист. Вале онҳо сахт хато мекунанд. Мардум баръакс бо чунин таркибҳо муносибаташ ба ин ё он воқеъаро баён мекунад. Ҷое ба масхара мекашад, ҷое ҳам хашму ғазабаш ва норизоияташро берун мерезад. “

Ривоятҳои "Барқи Тоҷик"

Як идораи “вожасоз”-и сол, ба назари бисёриҳо, ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” буд. Дар моҳи феврал, вақте баҳси 12 миллион доллар қарзи “Барқи Тоҷик” аз нирӯгоҳи Сангтӯда-2 бархост, сухангӯяш ба Озодӣ гуфт, то замоне ки ширкат барқи гирифта аз ин нерӯгоҳро нафурӯшад, маблағи онро баргардонида наметавонад. Ин билофосила ба вокунишҳои танзомез рӯбарӯ шуд, чунки то имрӯз нафақат “Барқи Тоҷик”, балки башарият роҳи амбор кардани нирӯи барқро пайдо накардааст. Мегуфтанд, ки агар “Барқи Тоҷик” ин роҳро ёфта бошад, пас тамоми ҷоизаҳои имсолаи Нобел ҳалолаш бод. Лутфи дигари “Барқи Тоҷик” ахиран дар шарҳи зиёд поймол шудани соати лимит буд, ки гуфт, лимитро онҳо на бо соат, балки бо ... киловатт-соат чен мекунанд.

Ва дар ҳамин шабу рӯз, ки аксари манотиқи Тоҷикистон азоби бебарқӣ мекашад, “Барқи Тоҷик” ҳар рӯз тавассути телевизионҳои давлатӣ навори таблиғотиеро пахш мекунад, ки ин як ҷумлааш аслан ягон ҷои шарҳ надорад: “Баръало мушоҳида мегардад, ки солтосол таъминоти аҳолӣ ва тамоми бахшҳои хоҷагии халқ бо барқ беҳтар мегардад.”

"Девонашай!"

Аммо аз соли 2013 ҳамчунин сифатҳои гӯё мусбати “девонашай” ё “харрай”, ки дар сленги қишри наврас “ганда” мӯд шудааст, раддимаърака шудани арчаи солинавӣ бо Бобои барфиву Барфак ҳамчун персонажҳое, ки, ба гуфтаи як раҳбари кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, “хоси арзишҳои фарҳангии мардуми тоҷик нестанд,", шӯхиҳои мардум дар ин бора ки ҷои Бобои барфиро акнун хонандаи таронаҳои мардумӣ Бобои Файз мегирад, даъвати вакили парлумон Саодат Амиршоева, ки гуфт, занону духтарони тоҷик шӯи хориҷӣ накунанд, низ аз таркибҳоест, ки аз соли 2013 “мерос” мемонад. То як соли дигар, ки бубинем, дар кӯлбораш чӣ ҳаводисеро хоҳад овард ва боз чӣ вожаву таркибҳоеро вирди забони мову шумо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG