Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимистон дар... хайма. Мақомот ба ваъдаашон вафо накарданд? ВИДЕО


Сардиҳои ахири Тоҷикистон ҳоли хонаводаҳоеро, ки дар пайи омадани сел дар баҳори имсол бесарпаноҳ монданд, табоҳ кардааст.

Оилаҳое, ки 6 моҳи пеш дар деҳаи Зинги Дарвоз бар асари боришоти зиёд ва омадани сел хонаҳои худро аз даст доданд, мегӯянд, тамоми ин муддат зери хайма ва ё дар хонаи хешу наздикон шабро рӯз мекарданд. Дар офати табиие, ки моҳи майи соли равон дар деҳаи Зинг сар зад, 3 хонаи истиқоматӣ комилан хароб шуда, чанд манзили дигар осеб дид. Дар ин се хонавода дар маҷмӯъ 30 нафар зиндагӣ мекарданд.

Агар Худо накарда як зилзила ё офати дигари табиӣ шавад, хона дар болои мо мерезад.
Ҷавҳаршоҳ Давлатов

Яке аз ин манзилҳо хонаи Худогӯ Давлатов буд. Ӯ рӯзи 30 ноябр гуфт, ҳоло 8 узви оилааш сарсону парешонанд. То рӯзҳои сард, ба гуфтаи Давлатов, модар ва фарзандони ӯ аксаран дар хайма зиндагӣ мекарданд ва баъди барфрезиҳо қисме ба хонаи хешу табор рафтанд ва қисме дар шаҳр иҷоранишин шуданд. Худогӯ мегӯяд, "кӯдаконам дар ин сардиҳо бемор шуданд ва маҷбур шудам, онҳоро ба шаҳр, ки ин ҷо кор мекунам, назди худам орам. Аммо маошам зиёд нест, ки ҳам иҷора гираму ҳам хонаводаро таъмин кунам. Модари беморам ва додараму ҳамсараш ҳоло дар хонаи хешу табор зиндагӣ доранд. Аммо то кай? Дар хонаи каси дигар чанд рӯз ё чанд моҳ роҳ меёбӣ, баъд куҷо меравем?"

Худогӯ Давлатов гуфт, ҳукумати ноҳияи Дарвоз дар шабу рӯзи сар задани офати табиӣ ваъда дода буд, ки онҳоро бесарпаноҳ нахоҳад монд ва вазифадор ҳам шуда буд, ки барои ин сокинон то фасли сармо дар бунёди хонаҳои нав кумак кунад. Аммо Худогӯ мегӯяд, ба ҷуз аз замин ва 4 ҳазор сомонӣ, ки қисме аз ҷониби сокинони маҳалҳои мухталиф ҷамъоварӣ шуда буд, дигар аз ҳукумат ёрие нагирифтаанд.

Ба гуфтаи Худогӯ, ӯ тамоми талошро кард, ки то фасли сармо бо нерӯи худ хонаашро бунёд кунад, аммо ба ин даст наёфт: "Вақте ду моҳ гузашт ва аз ҳукумат хабаре нашуд, ман аз соҳибкорону дӯстон 25 ҳазор сомонӣ қарз гирифтам ва ба сохтмони хона шурӯъ кардам. Биноро қисман бардоштем, аммо ҳанӯз пурра барои зиндагӣ омода нест ва дару тиреза надорад."

Ҳоли Ҷавҳаршоҳ Давлатов, соҳиби як манзили дигари харобшуда дар пайи селхезии деҳаи Зинги Дарвоз аз Худогӯ беҳтар нест. Ҷавҳаршоҳ Давлатов, падари 5 фарзанд дар рӯзҳои сард маҷбур шудааст ба хонаи пур аз лою валангоршудаи худ баргардад. “Ҳамин як хонаи кафидагиро тоза кардем, бо фарзандон зиндагӣ дорем. Ҳама кафидагӣ аст, бом дар пайи сел шикаста буд. Агар Худо накарда як зилзила ё офати дигари табиӣ шавад, хона дар болои мо мерезад. Ҳукумати Дарвоз як дафъа 2975 сомонӣ кӯмак кард, гуфтанд равед хона созед. Бо ин маблағ агар Душанбе равем, 10 халта семент ҳам намешавад”, - гуфт ӯ.

Сокинони Зинг зимистонро дар хаймаҳо пешвоз мегиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Ҳамин тавр, ба иддаои сокинони осебдидаи Зинг, пуле, ки чун хайрия аз ҷониби сокинони деҳоти дигар ҷамъ шуда буд, ба онҳо пурра расонида нашуд. Ҷавҳаршоҳ мегӯяд, 2 фарзанди донишҷӯ дорад ва даромадаш фақат ба таъмини хонавода мерасаду тавони бунёди хонаи навро надорад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони ноҳияи Дарвоз мегӯянд, то қадри тавон ҳукумати маҳаллӣ ба осебдидагон кумак карданд ва вазъи онҳо на он тавре аст, ки зарардигон тасвир мекунанд. Кишвар Шарифов, сармутахасиси бахши ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Дарвоз дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Онҳо ҷое доранд, ки зимистонро гузаронанд. Якеаш дар хонаи дар сел осебдидааш зиндагӣ дорад, дигараш дар хонаи писараш ва яке дар хонаи нимсохтааш аллакай зиндагӣ мекунад. Ҳукумати ноҳия чӣ қадаре, ки тавон дошт, ёрӣ кард. Ҳоло худатон медонед, ки бӯҳрон аст".

Кишвар Шарифов мегӯяд, ситоди ҳолатҳои фавқулодда бо дарёфти шароит ба ин сокинон боз кӯмак хоҳад кард.

Обхезиҳои моҳи маи имсол ба даҳҳо манзили деҳаи Зинг осеб расонд
Обхезиҳои моҳи маи имсол ба даҳҳо манзили деҳаи Зинг осеб расонд

Аммо сокинони осебдида мегӯянд, ҳоло умедашон танҳо аз ҳукумати ҷумҳурӣ аст, ки барои онҳо дар бунёди хонаҳои нав мусоидат кунад. Ин сокинон аз ҳукумат мехоҳанд, ки масъалаи бунёди хонаҳои онҳо зери назорат гирифта шавад, то ки тавонанд ҳадди ақал то зимистони соли оянда бо сарпаноҳи мустаҳкаму амне таъмин шаванд.

Моҳи май Дарвоз ва, инчунин, водии Зарафшону ноҳияи Рӯдакӣ шоҳиди обхезиҳои шадид шуд. Давоми се рӯзи боришот, танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ 1146 манзил осеб дид. Аксари ин хонаводаҳо баъди дарёфти кӯмаки изтирорӣ бо мушкили сарпаноҳ ва таъмири манзил рӯбарӯ мешаванд.

Ахиран дар як ҳамоиши марбут ба масоили об дар Маҷористон, президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бар асари гармоиши иқлим ва сар задани офатҳои табиӣ дар соли 2015 иқтисоди Тоҷикистон 600 миллион доллар зарар дид.

XS
SM
MD
LG