Созмони байнулмилалии Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) мақомоти Русияро барои ним сол дар "шароити ғайриинсонӣ" нигаҳ доштани рӯзноманигори Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева танқид кард.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Кишоварзон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон умед доранд, ки имсол об ба ҳама мерасад.
Баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав рӯзи теъдоди зиёде аз муҳоҷирони тоҷику кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ “сиёҳ” шуд. Бадрафторӣ бо онҳо авҷ гирифт, рондани онҳо аз Русия зиёд шуд ва озору азият ба ҳар баҳона маъмулӣ гашт.
Баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар Маскав рӯзи муҳоҷирони тоҷик дар Русия "сиёҳ" шуд. Бадрафторӣ бо онҳо авҷ гирифт ва озору азият ба ҳар баҳона маъмулӣ гашт. Радиои Озодӣ дар ин бора бо Наталя Зотова, корманди Донишгоҳи тиббии ба номи Алберт Эйнштейн дар Ню-Йорк сӯҳбат кард.
Заминҳои хушку холӣ, роҳҳои хароб, хонаҳои нимасохта, маҳаллаҳои камодам ва бе мактабу пизишк. Тасвири ҳозираи шаҳраки Сайҳун дар 10-километрии Хуҷанд чунин аст.
Баъд аз боронҳои шадид равуои ҳавоӣ бо Дубай мутаваққиф шудааст; коршиноси рус таъқиби муҳоҷиронро баъди ҳамлаи "Крокус" амали нодуруст шумурд ва Сайҳун ҳамоно "шаҳраки руъёҳо" мондааст.
"Чеҳраи Шумо, муҳоҷиронро дидан намехоҳанд." Азиза, як муҳоҷири қирғизистонӣ, ин ҷумларо аз пулиси Русия ва ҳамчун далели ронда шуданаш аз хонаи иҷора шунидааст. Мо барои амнияти ӯ ному садояшро тағйир додем.
Акси садои ҳаргуна болоравии қимати нафт дар ҷаҳон ба Тоҷикистон ҳам мерасад.
Боз як паноҳҷӯйи тоҷик аз Полша ихроҷ шуд.
Як зани муҳоҷир аз Қирғизистон мегӯяд, аз сӯйи марди ношиносе дар Маскав латукӯб шуд. Ба нақли Ойпарӣ Ҷумъаалӣ, “марди хашин” ҳангоми рондани мошин ба ӯ ҳамла кардааст. Тафсилот дар гузорише аз "Мигрант Медиа".
Хонаҳои як деҳаи ноҳияи Рӯдакиро об зер кард; боз як паноҳандаи тоҷик аз Полша ихроҷ шуд; баҳси қонуни "агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон боиси эътирозҳо шуд ва афзоиши азияти муҳоҷирон баъди ҳамла ба толори "Крокус"-и канори Маскав.
Ёфтҳои бештар