Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Сокинони Ишкошим дар зилзила осеб надиданд. САДО


Заминларзаи қавие баъд аз зуҳри 9-уми май Тоҷикистонро такон дод. Маркази зилзилашиносии Амрико гуфт, ки маркази ин заминларзаи 6.2 дараҷаӣ дар 36-километрии шимол-ғарби маркази ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон будааст.

Масъулини Маркази зилзиланигории Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, заминларза тахминан соати 15:31 ба вақти маҳаллӣ рух дода, таъсири он қариб дар тамоми кишвар эҳсос шуд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.

Шиддати ин зилзила дар Душанбе ва атрофи он ба ҳадде буд, ки сокинон аз манзилҳои худ берун шуданд. Шиддати ин зилзила дар вилояти Бадахшон аз ҳама бештар эҳсос шудааст.

Як сокини ноҳияи Шуғнон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз шиддати зилзила бархе аз симчӯбҳо чаппа шуданд. Сокинон мегӯянд, ларзиши заминро дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ эҳсос кардаанд.

Навбатдори Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Азиз Панҷшанбеев рӯзи 9-уми май ​дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба иттилои онҳо, маркази зилзила дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон - ҳудуди ноҳияи Ишкошим будааст. Вай гуфт, сокинони деҳаҳои наздимарзии Қозидеҳ ва Шанбедеҳ, ки бештар аз дигарҳо шиддати ларзиши заминро эҳсос кардаанд, хабар доданд, ки ин ҳодиса бидуни осебе гузаштааст.

"Мо бо худи сокинон ва раисони ҷамоатҳои ин ду деҳа сӯҳбат кардем ва онҳо гуфтанд, ки ҳама хуб аст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ манзиле осеб надидааст. Вазъро зери назорат дорем", - гуфт Азиз Панҷшанбеев.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:18 0:00
Линки мустақим

Зевар Карамшоев, котиби раиси ҷамоати Қозидеҳ ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вазъ хуб аст ва ҷое барои ташвиш нест". Ба гуфтаи ӯ, ҳоло аз саросари ҷумҳурӣ ба онҳо хешовандону наздикон занг зада нигаронии худро баён мекунанд. "Хушбахтона, ҳама тинҷ аст, хавотир нашавед", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, ин ду деҳ дар 13-километрии марзи Афғонистон ҷойгиранд.

Ноҳияи Ишкошим дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст
Ноҳияи Ишкошим дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст

Ба қавли ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ларзиши замин беш аз як дақиқа идома кард. Дар робита ба хисороти эҳтимолии зилзила то кунун маълумоте нарасидааст.

Расонаҳои Афғонистон ҳам гузориш доданд, ки ин зилзила шаҳри Кобулро ба таври бесобиқа такон додааст. Расонаҳои ин кишвар навиштанд, ки ин заминларза хисороти молӣ ва ҷонӣ дар пай доштааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG