Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як гул баҳор нест" ё Чаро мансабдорони мо ба зудӣ “дигар” мешаванд?


Ҷамолиддин Абдуллозода вазири нави тандурустии Тоҷикистон
Ҷамолиддин Абдуллозода вазири нави тандурустии Тоҷикистон

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ҷамолиддин Абдуллозода вазири нави тандурустии Тоҷикистонро, ки бархе расонаҳо “вазири рӯзҳои сахт” ҳам унвон додаанд, ҳоло мисли як мансабдори дигаргуна муаррифӣ кардан мехоҳанд. Гоҳо хабар мехонем, ки ба беморони коронавирус шахсан тамоси телефонӣ доштааст, ё гӯё ногаҳон ба касалхона рафтаву бо вазъи онҳо бевосита ошно шуда. Ба расонаҳои, бигзор ҳукуматӣ ҳам, зуд–зуд мусоҳиба медиҳад. Дар асл ин рисолати иҷтимоии ӯст.

Дар мо бошад, ӯ мақоми “мансабдори дигар”-ро мегирад, ки аз дигарон гӯё фарқ дорад.

Ин гуна курсинишинонро, албатта зиёд набошад ҳам, мо баъзан вохӯрдаем, ки дар муқобили “мансабдорони бадқаҳру дастнорас” – хислатномаи аслии “хизматгорони халқ”, ба вижа рӯзҳои аввали фаъолияти худ бароямон то ҷое идеалӣ намудаанд.

Ёдамон ҳаст, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода низ бо чӣ часпу талошҳое даст ба кор шуд: пайвандони худро аз мақомоти зертобеи худ барканор намуд, ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва постгоҳҳои БДА ногаҳонӣ ташриф овард...

Ҳоло ҳам баъзан мебинем, ки ӯ мехоҳад аз дигарон тафовутпазир бошад. Маркази матбуотиаш ба журналистон дастрасии бештар аз дигарон дорад, нишастҳои матбуотии худро бо истифода аз фановариҳои ҷадид ва доираи бештари сохторҳояш баргузор мекунад...

РЕЙТИНГИ МАНСАБДОРОН

Дар Тоҷикистон аслан рейтинги мансабдорон аз рӯи меъёрҳои илми ҷомеашиносӣ баргузор намешавад. Чанд сол пеш ва шояд ҳоло ҳам, бархе нашрияҳои чопи Душанбе гӯшаҳое чун “Раиси мардумӣ”, “Вазири халқӣ” ва мисли инро дар баробари овозхон, нозири андоз, мактаб, касалхонаи “беҳтарин” аз нигоҳи онҳоро роҳандозӣ карданд, аммо натиҷаи ин иқдомро бо сабабҳои айниву зеҳнӣ воқеиву мунсифона гуфтан мушкил мебуд. Ҳади аққал, барои он ки афзалият дар ин гуна озмунҳо маҳз ба онҳое дода мешуд, ки анкетаи бештарро, ки нашрияҳо ташкил кардаанд, харидорӣ менамоянд.

Кӯшишҳое дар ин замина гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” ва нашрияи “Нигоҳ” -у ожонсии хабарии “Тоҷнюс” дар гузашта анҷом медоданд, ки то ҷое аз дигарон тафовут доштанд. Ҳоло дуввумиҳо дар майдони расонаҳо фаъол нестанд ва дар “Азия плюс”, ки бо мушкилоти хос фаъол аст, ба назар мерасад, ки дигар чандон думболи ин иқдомот нестанд, ё агар мекунанд, танҳо дар охири сол ва он ҳам на ҳамеша.

Вале махсусиятҳои назарсанҷиву ҷомеашиносӣ, ки аз рӯи меъёрҳои сифатӣ ё миқдорӣ баҳогузорӣ мешаванд, комилан дигаранд ва барои бардоштҳои давлативу иҷтимоӣ хеле муҳим.

Аз ин ҷост, ки баргузории чунин иқдомот дар ҷомеаҳои демократӣ як амри маъмулист. Ҳатто дар рӯзҳои муқаррарии зиндагӣ. Дар кишварҳои ҳамсояи мо, назири Қирғизистону Қазоқистон ҳам расонаҳои хабарӣ ва низ созмонҳои вижаи омӯзиши афкор ҳар мансабдорро аз рӯзи аввали ба курсӣ нишастанаш, зери дурбини худ қарор медиҳанд, ҳар қадами ӯро пайгирӣ ва таҳлил менамоянд. “100 рӯзи фаъолияти вазир”, “3 моҳу 10 рӯз бо...”, “Шаш моҳи шаҳрдори нав” ва мисли ин гӯшаҳои доимии нашрия, шабакаҳои радиоиву телевизионист. Рейтинги манасабдорон аз рӯи таъиноташон ҳам доим баргузор мешаванд.

Ин гуна иқдомот, ки бар асоси далелҳои мушаххас баҳогузорӣ мешаванд, барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва таҳрик додани мансабдорон хеле муҳиманд. Хоса дар рӯзҳои бӯҳронӣ...

Аз ин нигоҳ, ҳоло, агар шеваҳое аз назарсанҷиву таҳқиқоти сотсиологӣ боқӣ мондаанд, мешавад аз бархӯрду вокуниши мансабдорон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё расонаҳои электронии ахбор, ки сомонаи интернетӣ доранд ва дар онҳо ҳам ҷое барои шарҳҳо ҳаст, хулоса бардошт.

Дуруст, мо намедонем, ки ба ғайр аз ниҳодҳои интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат касе ин шарҳу баррасиҳоро мониторинг мекунад, ё не, вале маълум аст, ки ин контент “қаҳрамонҳо” ва қаҳрамонҳои худро дорад. Ин ҳам як намуди таҳлил аст ва таҳқиқоти хос мехоҳад...

Дар ҳамин ҳол, шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳрамонҳои доимӣ ва мавсимии худро доранд. Масалан Бег Сабур ва Нуриддин Саид дар ҳар мақоме набошанд, мисле, ки журналистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро “зиқшавӣ” намемонанд. Онҳо аз ҷумлаи “қаҳрамонҳои” ин доира маҳсуб мешаванд.

Роҳбари пешини Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва муовини роҳбари Хадамоти алоқа Атоев соле пеш, ки мушкили интернет ва арзиши онҳо пеш омад, ба бархӯрди ҷиддӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтор шуданд ва ҳатто боис ба барканории аввалӣ гардид. Онҳоро, бо вуҷуди ин, дар қатори “қаҳрамонҳое” мешавад ворид намуд, ки хислати мавсимӣ доранд: дар минбарҳо бо пеш омадани ин ё он мушкил пайдо ва ҳамин тавр вирди забонҳо мегарданд.

Як нуктаи ҷолиб: баъзан муовини раҳбарон ба хотири “мушкилосонкунӣ” ё “худсафедкунӣ” -и сардорони худ назди журналистон ҳозир мешаванд ва ҳамин тавр фаҳмидаву нофаҳмида худро ба одамони ангуштнамои ҷомеа табдил медиҳанд. Ин гуна ҳолатҳоро шояд бархе роҳбарон махсус ташкил мекунанд ва ҳамин тавр аз “номзадҳои эҳтимолӣ” ба курсии онҳо халос мешаванд.

Ба назар мерасад, ки дар баъзе нишастҳои матбуотӣ бархе мансабдорон ҳамтоёни амбитсиядори худро махсус дар ҳолати ногувор қарор медиҳанд. Масалан, ин ё он журналистро киро намуда, ба онҳо “саволҳои сахт” ё бо забони русӣ омода месозанд, то дар назди ҷомеа бештар шармсорашон гардонанд.

МАНСАБДОРОНИ МАҲБУБ?

Дар ин миён мо мансабдороне ҳам дорем, ки ҷомеа, аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша ба эшон муҳаббати махсус зоҳир мекунанд. Онҳо хоҳ дар мансаб бошанд, хоҳ не. Масалан Сайдамир Зуҳуров – вазири собиқи амният ва корҳои дохилӣ маҳбубияти худро ҳич гоҳ коҳиш надодааст. Аз ин ҷост, ки ҳар матлабе дар бораи ӯ пайдо мешавад, мардум онро ҳарисона хоҳанд хонд. Вақте касал шуд, мардуми зиёд ба дидорбиниаш рафтанд, ё дар ҳаққаш дуо карданд.

Ё дар бораи Талбак Назаров, ки солиёни зиёд вазири корҳои хориҷӣ буд, “гап” -и бисёр набуд.

Ба Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раҳматии Сӯҳроб Шарипов вокунишҳо дугуна аст.

Убайдуллоевро ҳарчанд дар доираҳое сахт сиёҳ карда буданд ва ҳама “корҳои бади ҳукумат” -ро ба ӯ нисбат доданӣ мешуданд, нимаи солҳои 2000 шеваи дигари корро роҳандозӣ намуд: ҷаласаву гурӯҳҳои кории шаҳрдориро бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳатто аҳзоби расмии мухолиф баргузор мекард. Ягона мансабдоре дар ин сатҳ (шахси дуюми расмӣ) на танҳо дар Тоҷикистон, ки ҳатто дар Осиёи Миёна гардид, ки мулоқоти махсуси худро бо фаъолони Фейсбук анҷом дод ва таи тақрибан 6 соат ба пурсишҳо росто ва бе коғаз посух дод. Дар Фейсбук, тавре ишора намуд, “дидаву дониста” сафҳаи махсуси худро кушод. Бо ҳамин, то ҷое бархӯрди ҷомеаро дигаргуна намуд.

Марҳум Сӯҳроб Шарипов ҳам бигзор на ҳамеша гапи дили худро мегуфт, вале бо ин ки ошкоро сӯҳбат мекард, мақоми махсус дошт.

Ана ҳамин таъкид, ки “на ҳамеша гапи дили худро мегуфт” дар ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон хеле муҳим аст ва як махсусияти онро нишон медиҳад. Дар кишварҳои мутаммадин, демократӣ ва ба арзишҳо қоил ҳукуматҳо ҳамеша нишон додан мехоҳанд, ки кабинаи худро аз одамони сазовор интихоб кардаанд. Барои ин раҳбарони ҳукумат ва президентҳо кӯшиш мекунанд бо вазирону мансабдорони сатҳи баландашон машварат доир кунанд, аз онҳо чизеро пурсанд, эшонро дар сӯҳбатҳои инфиродӣ гӯш мекунанд ва ҳарфзании онҳоро тариқи расонаҳо, махсусан шабакаҳои телевизионӣ нишон медиҳанд. Мардум на танҳо эҳсос мекунанд, ки президенти арзанда доранд, балки дар интихоби кадрҳо ба ӯ эътимод менамоянд. Ин усули раҳбарии пешвоёни қавиву воқеист...

Дар ҷомеаҳои авториториву диктатурӣ баръакс “сари хам ва забони лол” меъёри ҳимояи худу курсӣ хоҳад буд. Аз ин ҷост, ки мансабдорон кӯшиш мекунанд дар минбару расонаҳо пайдо нашаванд, “ситора” нагарданд, ё ҳарферо бигӯянд, ки кадом як ниҳоде ба онҳо қаблан гӯшакӣ кардааст. Дар ин гуна ҷомеаҳо сарварони кишвар беибо метавонанд пурсанд, ки “кадр набошад, аз кисаам ёбам?”

Бо ҳамин, худро як шахсияти муҳим нишон дода, исбот карданӣ мешаванд, ки агар онҳо набошанд, мамлакат роҳбари дигаре пайдо намекунад.

Аз ин ҷост, ки ҷомеа ба мансабдорони баландмақом ҳамеша бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Яъне гӯё:

  • Онҳо саводи кофӣ надоранд;
  • Ба воситаи чизе ё касе курсиро соҳиб шудаанд;
  • Танҳо маҳал ё кадом “махсусияти дигараш” аз курсӣ ба курсии дигар мебарад;
  • Фикри мустақил надорад ва дошта ҳам наметавонад...

Аммо, вақте дар сӯҳбатҳои хос бо ин мансабдорон мешинед, шоҳид мегардед, ки ҷаҳонбиниву бардошти онҳо аз рухдодҳо комилан дигар аст. Бинобар ин, гуфтан мумкин нест, ки дар ҳамаи курсиҳо одамони тасодуфӣ нишастаанд.

ДАР АСЛ Ё БА ЗОҲИР?

Зимнан, мо нафароне ҳам дорем, ки ба таври истисноӣ бисёрии вақт дар курсии худ мисли як шахси мустақил ба назар мерасанд. Ҳоло танҳо Ёдгор Файзовро дар ин қатор дохил карда метавонем, ки мавриди таваҷҷӯҳи бисёриҳост. Ӯ аз ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба созмонҳои байналмилалӣ рафт ва ҳамин тавр ба мансабдори баландмақоме табдил ёфт, ки як вилояти аз нигоҳи стратегӣ муҳим – ВМКБ -ро бе таҷрибаи кории фаровон дар мақоми давлатӣ сазовор роҳбарӣ намояд. Ӯ ҳам раиси “рӯзҳои сахт” буд. Ба Бадахшон замоне раҳбар рафт, ки вазъияташро амн гуфтан душвор аст. Аммо тавре аз наворҳои ҷаласаи аввали баргузорнамудааш дар вилоят маълум намуд, метавонад ҷасурона дар ҳузури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар Тоҷикистон шахсияти бисёр калидист ва роҳбарони баландмақоми Вазорати корҳои дохила суханронӣ намуда, ҷиддӣ масъалагузорӣ созад, ба пешвози гирдиҳамомадагон барояд, онҳоро ором намояд, дар ҳашарҳои мардумӣ шахсан иштирок карда, ҳамарӯза дирам ба дирам маблағу кӯмакҳои воридгардида ба ситоди мубориза бо COVID-19 -ро ба мардум ҳисобот диҳад, аз сӯҳбат бо намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нагурезад...

Дар матлабе бахшида ба Сӯҳроб Шарипов инҷониб ӯро ба як навъ гиёҳ – панатсея монанд карда будам, ки духтурон метавонанд онро ба ҳама намудҳои беморӣ ҳамчун даво истифода кунанд.

Коршиносон чунин мустақилияти директори собиқи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентро дар кул ба 2 омил шарҳ медоданд:

1) Ў ба сифати «дудбаро» хизмат мекунад, яъне гоҳҳо бо мусоҳибаҳои Сӯҳроб Шарипов ҷомеа гӯё мутмаин мешавад, ки ҳукумат аз мушкилоту масъалаҳои онҳо огоҳ асту роҳи ҳалро ҷӯёст;

2) Азбаски муттаҳамӣ аз касе надорад, бинобар ин забони дароз ва сари баланд дорад.

Интихоби Ёдгор Файзов ҳам ба раисии ВМКБ, ки ин шабу рӯзҳо тибқи маълумот бемории коронавирусро аз сар мегузаронаду дар шабакаҳои талаби шифояшро доранд, ҳатман бо ҳадафҳои мушаххаси маркази қабули қарор сурат гирифтааст.

Бо ин ҳама, фаъолияти Сӯҳроб Шарипов ва Ёдгор Файзов нишон медиҳад, ки агар ҳар вазир ва масъули ҳукумат дар мақоми худ як нафари арзанда, ҳирфаӣ ва то андозае мустақил бошанду сиёсату тиҷоратро омехта накунанд, имкон дорад, ки ба дарки умқи масъалаҳо рафта, бисёре аз мушкилоти ҷомеаро ҳал намоянд.

Мутаассифона, ин гунаҳоро зиёд надорем ва тавре як шоир дар тавсифи маъшуқаи худ мегуфт:

Як гул баҳор нест,

Сад гул баҳор нест,

Ҳатто ҳазор боғи пур аз гул баҳор нест,

То Гулбаҳор нест...

Гулбаҳор дар ҳолати мавриди назари мо ҳатман низомест, ки мехоҳад ва метавонад баҳор биёрад.

Гап сари ҳамин мушкил ва савол аст: оё мехоҳанд?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG