Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари НАТО розӣ нест


Дабири кулли паймони низомии НАТО Яап Де Ҳуп Скеффер гуфт, наметавонад бо арзёбиҳои истихборотии Амрико розӣ шавад, ки мегӯяд, ҳукумати Афғонистон танҳо 30 дар сади қаламрави кишварро таҳти назорат доранду халос. Зимни суханрониаш дар Вашингтон Скеффер гуфт, ки баҳогузориҳои амрикоиҳоро қабул карда наметавонад, ҳарчанд худ анҷоми таҳқиқоти алоҳидаро дар ин замина пешниҳод накард. Рӯзи чоршанбе Майкл Макконнелл, мудири истихбороти миллии ИМА гуфт, ки тибқи таҳлилҳои онҳо ҳукумати Афғонистон феълан аз се як ҳиссаи кишварро назорат мекунаду 10 дар сади Афғонистон таҳти контроли Толибон мебошад. Ва боқӣ манотиқи Афғонистон зери нуфузи раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳост.
XS
SM
MD
LG