Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар эълони натиҷаҳои интихоботи Зимбабве


Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз Кумисюни интихоботии Зимбабве талаб карданд, натиҷаҳои овоздиҳиро ҳарчи сареътар эълом дорад. Оппозисюни Зимбабве мегӯяд, ҳатто тибқи камтарин натиҷаҳои эълоншуда низ дар интихоботи президентӣ пешсафии ҷиддӣ дорад. Ин интихобот барои раёсати 28-солаи президент Роберт Мугабе мушкили шадиде шумурда мешавад. Раҳбари мухолифони ӯ, Морган Свангирой аз Ҷунбиши Таҳаввули Демократӣ эълом доштааст, ки дар муқобили 30%-и рой ба тарафдорӣ аз Мугабе, 60%-и ройҳоро ба худ ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG