Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумораи қурбониҳои осоишта дар Ироқ


Мизони марги хушунатбори мардуми осоиштаи Ироқ то ҳудуди миёнаҳои соли 2007-ум боло рафтааст. Бар пояи иттилои вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа ва беҳдошти Ироқ моҳи марти соли равон дар ин кишвар 923 фарди осоишта дар натиҷаи зӯроварӣ ба ҳалокат расидаанд. Ин рақам нисбат ба моҳи феврали соли 2008-ум 31% бештар аст.
Сабаби асосии болоравии шумораи қурбониҳо бархӯрдҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои ниманизомии мусулмонони шиамазҳаб номида шудааст. Аммо дар муқоиса бо моҳи марти соли 2007-ум шумораи қурбониҳои осоишта хеле камтар шудааст. Моҳи марти соли гузашта дар Ироқ 1861 нафар ба қатл расида буданд.
XS
SM
MD
LG