Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ИА аз қарори Маскав


Иттиҳодияи Аврупо тасмими Русия дар бораи ирсоли нирӯҳои иловагии ҳомии сулҳ ба Абхозистон, ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистонро интиқод кард. Раҳбари идораи сиёсати хориҷаии ИА Хавйер Солана рӯзи сешанбе дар Бруксел дар пайи мулоқоташ бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки ӯ мавзеъи ИА дар ин мавзӯъро ба самъи оқои Лавров расондааст.

Русия мегӯяд, нирӯҳои иловагиро ба ин минтақа дар вокуниш ба қасди, ба гуфтаи Маскав, ҳамлаи Гурҷистон ба ин ҷумҳурии ҷудоиталаб мефиристад.

Сарвазири Гурҷистон Ладо Гургенидзе гуфт, ин иқдоми Маскав суботи минтақаро ба ҳам мезанад.

XS
SM
MD
LG