Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон бори Русия барои Эронро раҳо мекунад


Озарбойҷон гуфт, таҷҳизоти барои нирӯгоҳи ҳастаии Бушаҳри Эрон фиристодаи Русияро, ки дар авохири моҳи март дар марзи Озарбойҷон боздошт шуда буд, ба зудӣ раҳо мекунад.

Муовини вазири хориҷаи Озарбойҷон Ораз Азимов гуфт, ин масъала дар наздиктарин фурсат ҳалл хоҳад шуд. Ӯ афзуд, ширкати русии масъули эҳдоси нирӯгоҳи Бушаҳр тамоми асноди лозим барои ин таҷҳизотро ироа кардааст.

Мошинҳои ҳомили ин таҷҳизот рӯзи 29 март дар марзи Озарбойҷон бо Эрон боздошт шуданд.

Маскав Бокуро айбдор кард, ки ҳадафмандона ба ҳаракати ин корвон мамониат кардааст. Эрон дар ивази бунёди реактори Бушаҳр ба Русия беш аз 1 миллиард доллар мепардозад.

XS
SM
MD
LG