Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи КАМАЗ 8 тонна кетчуп нобуд шуд


Дар асари сониҳаи як мошини боркаши КАМАЗ дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 8 тонна кетчуп рӯи роҳ рехтааст.

Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, раҳгузарон кетчупро ба маҳзи ранги сурхаш ҳавзи хун пиндошта, ба ҷойи ҳодиса мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва гурӯҳҳои наҷотбахшро даъват кардаанд.

Аммо маълум шуд, ки ин садама хисороте ба дунбол надоштааст. Албатта, ба ҷуз аз 8 тонна кетчупи рӯи роҳ рехта.

XS
SM
MD
LG