Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегуяд, Ирон ҳомии терорризм дар ҷаҳон аст


Вазорати хориҷаи Амрико гузориши солонаи худро роҷеъ ба терроризми сартосарӣ ба табъ расонд. Дар он аз Ирон ба унвони кишвари аслии ҳомии тероризми байналмилалӣ ном бурда шудааст. Дар гузориш омдааст, Ирон талош дорад дар минтақа нуфузи худро афзоиш диҳад ва Амрикоро аз Ховари Миёна хориҷ кунад. Дар ин гузориш ҳамчунин аз Сурия, Курёи Шимолӣ, Кубо ва Судон ба унвони кишварҳои ҳомии терроризм ном бурда шудааст. Бино ба ин гузориш, дар солҳои 2006 ва 2007 дар Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ 16 дарсад афзоиш ёфтааст. Аммо дар Ироқ ҳамлаҳрои террористӣ дар ин муддат коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG