Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед хештандорӣ мехоҳад


Дафтари раёсати ҷумҳурии Амрико аз Гурҷистон ва Абхозистон-ҷумҳурии ҷудоихоҳ даъват кардааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд. Тонӣ Фратто-сухангуи Кохи Сафед гуфт, Амрико аз ҳамаи ҷонибҳо даъват мекунад, аз ҳар гуна амале, ки боъиси ташаннуҷи вазъ дар минтақа мешавад, худдорӣ кунанд. Абхозистон ҷумҳурии худмухтори Гурҷистон аст, вале аз Руссия ҷонибдорӣ мекунад. Даъвати Амрико дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷониби Абхозистон гуфтааст, ду ҳавопаймои бесарнишини Гурҷистонро, ки машғули парвоз дар ҳарими Абхозистон будааст, сарнагун сохтааст. Аммо ин идаъоро ҷониби Гурҷистон рад кард.
XS
SM
MD
LG