Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муттаҳамон ба сӯиқасд ба Карзай


Мақомоти расмӣ мегӯянд, ду корманди давлатиро бо иттиҳоми даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, боздошт кардаанд. Хабаргузории “Ассосийетед Пресс” аз қавли вазири дифоъ Абдулраҳим Вардак навиштааст, як корманди тиббии идораи пулис ва як коршиноси аслиҳа аз вазорати дифоъи Афғонистон ба афроди мусаллаҳ, ки рӯзи 27 апрел дар раҳпаймоии низомӣ раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзайро ҳадаф гирифта буданд, кӯмак кардаанд. Ҳангоми тирандозӣ дар он рӯз Ҳомиди Карзай осебе надид, вале се нафар кушта шуданд. Амруллоҳ Солеҳ - раҳбари Хадамоти Иттилоъотии Афғонистон, аъзои Ал-Қоида дар Покистонро тарҳрезони сӯиқасд хонд ва аз кишварҳои хориҷӣ хост, Покистонро ба маҳви пойгоҳҳои тундравон дар манотиқи марзиаш водор кунанд.

XS
SM
MD
LG