Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши ҳамкории ҳаставии ИМА ва Русия имзо шуд


Русия ва ИМА созиши роҳнамои ҳамкориҳо дар соҳаи нерӯи ҳаставиро ба имзо расониданд.
Сергей Кириенко раҳбари ширкати давлатии Росатоми Русия ва сафири ИМА дар Маскав Вилям Бурн созишеро имзо карданд, ки бар пояи он душманони давраи Ҷанги сард дар рушди реакторҳо ва захираву интиқоли маводи сӯхти ҳаставӣ ҳамкорӣ хоҳанд намуд.
Дар мулоқоти соли 2006-ум президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва президенти Русия Владимир Путин аз ҳукуматҳои кишварҳояшон хоста буданд, ки созишро зудтар тасвиб намоянд, вале баъзе вакилони Конгресси ИМА ба он мухолифат нишон доданд.

XS
SM
MD
LG