Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии нав миёни Исроилу Фаластиниён


Дар ҷараёни даргириҳои миёни нерӯҳои Исроил ва фаластиниён дар Навори Ғазза имрӯз 2 нафар ҳалок ва дасти кам 13 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар як ҳодисаи алоҳида, ҳавопаймои исроилӣ ба сӯи гурӯҳи фаластиниёни мусаллаҳ дар рустои Аббосон мушак андохта, ду нафарро кушт ва ду тани дигарро захмӣ кард. Дар ҳодисаи дигар сарбозони исроилӣ баъди вуруд ба ҷануби Навори Ғазза дар субҳи имрӯз, бо афроди мусаллаҳи маҳаллӣ даргир шуда ва 11 тани онҳо, аксаран тундравонро маҷрӯҳ кардаанд.

XS
SM
MD
LG