Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаъои Амрико нисбат ба Эрону Сурия


Ҳукумати Амрико, Эрон ва Сурияро ба барангехтани хушунат дар Лубнон муттаҳам намуд, ки дар инҷо созмони шиъамазҳабон Ҳизбуллоҳ бахши зиёди шаҳри Бейрутро тассаруф кардааст.

Иёлоти Муттаҳида гуфт, масъалаи Лубнонро бо Шӯрои Амнияти Созмони Милал баррасӣ карда ва масъалаи ҷазо додани масъулони бархӯрдҳо дар миён гузоштааст, ки дар ҷараёни он даргириҳо 11 нафар кушта шуданд.

Пас аз он ки ҳукумати таҳти ҳимояти Ғарби Лубнон барои коҳиши нуфузи Ҳизбуллоҳ иқдом кард, размандагони ин гурӯҳ бо тарафдорони ҳукумат вориди даргирӣ шуданд. Ҳукумати Лубнон амалкарди Ҳизбуллоҳро, “табаддулоти низомӣ” унвон кард.

XS
SM
MD
LG