Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши оташбас дар шаҳраки Садр


Як дастёри рӯҳонии қудратманди шиъамазҳаби Ироқ Муқтадо Садр мегӯяд, тарафдорони ин гурӯҳ барои поён додан ба даргириҳои чандҳафтаина дар Бағдод ба оташбас мувофиқат карданд. Сухангӯи Муқтадо Садр Салоҳ Ал-Убайдӣ гуфт, тавофуқи ҳосилшуда бо мақомоти ҳукумати Ироқ аз рӯзи якшанбе ба ҳукми иҷро медарояд. Алӣ Ал-Даббоғ сухангӯи ҳукумат ин хабарро дар сӯҳбат бо хабаргузории "Ройтерс" таъйид кардааст.

Нерӯҳои Амрико ва ҳукумати Ироқ чанд ҳафта боз дар шаҳри Садри Бағдод бо афроди мусаллаҳи тарафдори Муқтадо Садр меҷангиданд. Аз аввали моҳи март то кунун дар ин ҷангҳо садҳо нафар ҷони худро аз даст доданд. Даргириҳо дар Бағдод баъд аз он авҷ гирифтанд, ки Нурӣ Ал- Моликӣ нахуствазири Ироқ дар моҳи март дастур дод, то тундравон саркӯб карда шаванд.

XS
SM
MD
LG