Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила аз 3 то 5 ҳазор сокини Чинро ҳалок намуд


Хабаргузории давлатии Чин тахмин мекунад, ки дар натиҷаи зилзилаи баробар бо 7,8 дараҷа танҳо дар вилояти Сичуани ин кишвар аз 3 то 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Хабаргузории Синҳуа аз нақли мансабдорони маҳаллӣ менависад, эҳтимол наздик ба 10000 сокини минтақаи Бейчуани вилояти Сичуан маҷрӯҳ шудаанд.
Қаблан расонаҳои давлатии Чин иттилоъ дода буданд, ки бар асари заминларза дар Сичуан 900 донишҷӯй зери бино мондаанд.
Мардум дар масофаи садҳо километр заминларзаро эҳсос кардаанд.
Президенти Чин Ҳу Ҷинтао сарвазир Вен Ҷиабаоро ба ҷои ҳодиса фиристодааст.

XS
SM
MD
LG