Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи ҳизби Шариф аз ҳукумати Покистон


Имрӯз ҳизби сарвазири собиқи Покистон Навоз Шариф ба далели ихтилофи назарҳо бар сари масъалаи таъйини дубораи қозиёни аз сӯи президенти Покистон Парвиз Мушарраф барканоршуда расман аз ҳайъати кобинаи эътилофии вазирон хориҷ шуд. Навоз Шариф гуфт, бо ин вуҷуд, ҳизби ӯ пуштибониаш аз ҳукумати феълиро идома хоҳад дод.

Ҳизби Навоз Шариф ва ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутто, ки сарварии кобинаи вазирони Покистонро бар ӯҳда дорад, ҳарду ҷонибдори дубора ба мақомҳояшон барқарор кардани ҳудуди 60 қозие ҳастанд, ки Мушарраф онҳоро барканор кардааст. Вале ин ду ҳизб дар мавриди шеваи ба мақомҳояш барқарор кардани он қозиён ихтилофи назар доштаанд.
Кобинаи вазирони Покистон ба раҳбарии ҳизби мардумӣ ҳамагӣ 6 ҳафта қабл ташкил шуда буд.

XS
SM
MD
LG