Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австралия мехоҳад Аҳмадинажодро ба додгоҳ кашад


Австралия имкони ба Додгоҳи байнулмилалии Созмони Милали Муттаҳид кашидани раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро баррасӣ мекунад. Мақомоти ин кишвар президенти Эронро дар даъватҳо барои аз байн бурдани давлати Исроил муттаҳам карданианд. Сарвазири Австралия Кевин Радд гуфт, ки "айни ҳол ҳукумат асосҳои ҳуқуқии бозрасии ин парванда дар додгоҳро меомӯзад".
Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз ҳам дар як гирдиҳамоӣ бори дигар ба нобудсозии давлати Исроил даъват кард. Аз ин пеш ҳам Маҳмуди Аҳмадинажод чандин бор хостори "аз харитаи замин пок кардани давлати Исроил" шуда буд.

XS
SM
MD
LG