Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш дар ҷашни солгарди Исроил ширкат кард


Дар ҷараёни боздиди Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико аз Исроил ва ширкати вай дар таҷлил аз ҷашнвораи 60-умин солгарди ташкили давлати Исроил нооромӣ рух дод. Дар соъатҳое, ки Ҷорҷ Буш бо Эҳуд Олмерт-нахуствазири Исроил мулоқот мекард, нируҳои Ҳамос аз Борикаи Ғаззаи Фаластин ба суи Ашкелон-шаҳре дар ҷануби Исроил мушак партоб карданд. Дар ин ҳодиса 14 нафар исроилӣ ҷароҳат бардоштаанд. Исроил ба ин ҳамлаи мушакӣ бо нируҳои ҳавоии худ посух дод ва маҳали тундраҳои Ҳамосро ба оташ кашид.
XS
SM
MD
LG