Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон дар Русия


Имрӯз дар Маскав вазири ҳамоиши Гурҷистон Темур Якобашвилӣ роҳҳои ҳалли низоъ дар манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубии Гурҷистонро баҳс мекунад.
Нашрияи русии "Коммерсант" навиштааст, ки эҳтимол Якобашвилӣ ба Маскав мизбонии конфронс бахшида ба ҳалли низоъ дар ин ҷумҳуриҳоро матраҳ намояд.
Қарори ахири Русия дар мавриди таҳкими равобиташ бо Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ ихтилофи Гурҷистону Русияро афзоиш додааст.
Дар ин байн Русия изҳор намуд, ки дар ҷануби ин кишвар як рустаборро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Гурҷистон боздошт намудааст.

XS
SM
MD
LG