Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги камаш 22000 нафар дар зилзилаи Чин


Хабаргузории расмии Чин Синҳуа гузориш медиҳад, ки мақомот марги беш аз 22000 нафар бар асари зилзилаи рӯзи душанбе дар вилояти Сичуани ин кишварро тасдиқ карданд. Ҳукумати Чин тахмин мекунад, ки шумораи ниҳоии қурбониҳо метавонад ба 50000 нафар баробар шавад. Имрӯз бо мақсади тасаллияти мардуми офатзада ва гиромидошти амали гурӯҳҳои наҷот президенти Чин Ҳу Ҷинтао ба вилояти Сичуан сафар кард. Тибқи хабарҳо дар ин минтақа такони замин идома дошта, амалиёти наҷот ва рафъи оқибатҳои офатро ба таъхир мегузорад.
XS
SM
MD
LG