Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ коҳиш меёбад


Иқтисоди ҷаҳонӣ дар рӯ ба рӯи рукуд қарор дошта, аз эҳтимол дур нест, ки соли 2008-ум рушди иқтисоди саросарӣ ба 1,8% баробар шавад.
Ин аст тахмини СММ, ки рӯзи панҷшанбе дар гузориши нимсолаи иқтисоддонҳои ин муассисаи байналмилалӣ ба табъ расид.
Дар гузориши СММ ҳамчунин омадааст, ки зоҳиран сустшавии суръати рушд дар соли 2009-ум низ идома меёбад ва каме бештар аз соли равон, яъне ба 2,1% мусовӣ хоҳад шуд. Ҷои ёдоварист, ки соли 2007-ум афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ ба 3,8% баробар будааст.
Ба ақидаи муаллифони гузориш сарчашмаи сутшавии рушди иқтисодӣ бӯҳрони қарзи хона дар ИМА ва нооромии бахши молӣ аст, ки то як соли дигар тағйири бузургеро аз сар нахоҳад гузаронд.
Ба ақидаи СММ ин вазъ суръати рушди кишварҳои рӯ ба тараққиро ҳам заиф мекунад ва аз ин рӯ рушди ин кишварҳо соли равон ба 5% ва соли оянда ба 4,8% мусовӣ хоҳад шуд. Соли 2007-ум афзоиши иқтисоди кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба 7,3% расида буд.
Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки афзоиши баробар бо 1,8 % иқтисоди ҷаҳонӣ тахминист ва агар вазъ боз ҳам номусоидтар гардад, афзоиш метавонад то 0,8% поин шавад.
XS
SM
MD
LG