Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада аз боздошти баҳоиҳо дар Эрон нигарон аст


Ҳукумати Канада аз боздошти шаш эронии пайрави мазҳаби Баҳойӣ дар Эрон изҳори нигаронӣ карда ба озодшавии билофосилаи онҳо даъват кард. Вазири хориҷа Максим Берниер гуфт, ин шаш нафар, ки 14 май боздошт шуданд, танҳо ба хотири пайрави мазҳаби дигар буданашон дастгир шуданд. Вай гуфт, ҳодисаи мазкур аз торафт бадшавии вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон далолат мекунад. Мазҳаби Баҳоӣ дар Эрон мамнӯъ аст. Моҳи январ додгоҳҳои Эрон беш аз 50 баҳоиро барои фаъолиятҳои зиддиҳукуматӣ маҳкум ба зиндон карданд.
XS
SM
MD
LG