Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳо аз Миянмар дидан карданд


Тибқи гузоришҳо, гурӯҳе аз дипломатҳои хориҷӣ бо манотиқи аз тӯфон зарардидаи Миянмар аз наздик шинос шуданд. Тибқи гузоришҳо, мардум дар маҳалҳои офатзада шадидан ниёзманди ғизо ҳастанд ва нафарони зиёдро дидан мумкин аст, ки аз мошинҳои имдодрасон хӯрок талбандагӣ мекунанд. Дар хабари дигар, гуфта мешавад, ки мақомоти ҳунтаи низомии Миянмар ҳалокати 78 ҳазор нафарро бар асари офатҳои табиии ин кишвар эътироф кардаанд. Телевизиони давлатӣ мегӯяд, ки то ҳол 56 ҳазор нафар беному нишон ҳастанд. Ҳарчанд ҳунта иҷозаи ворид шудани маводи ғизоро ба кишвар содир кардааст, аммо гурӯҳҳои имдодрасон мегӯянд, ки танҳо бахши хурди онҳо ҳақи наздик шудан ба манотиқи шадидан азиятшударо доранд.
XS
SM
MD
LG