Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комбахш мегуяд, барои эътирофи гуноҳ шиканҷа додаанд


Парвизи Комбахш-рузноманигори 24-солаи афғон дируз дар додгоҳи таҷдиди назар дар Кобул гуфт, дар ҷараёни бозпурсӣ вайро шиканҷа додаанд, то вай худро гунаҳгор эътироф кунад. Моҳи январи соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Балх Комбахшро барои тавҳини ислом маҳкум ба қатл кард. Вале вай ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурд ва ҳоло парвандааш дубора бознигарӣ мешавад. Дируз Абдусалом Қозизода-яке аз қозиёни додгоҳи таҷдиди назар ба Комбахш як ҳафтаи дигар муҳлат дод, то вай бо вакили мудофеъи худ мулоқот ва ба таври хаттӣ баёнияи дифоъ аз худро омода кунад:
XS
SM
MD
LG