Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэла аз Амрико интиқод кард


Венесуэла зоҳиран аз тахриби ҳарими ҳавоии кишвараш тавассути ҳавопаймои низомии Амрико интиқод кардааст. Густаво Рандел-вазири дифоъи Венесуэла гуфтааст, кишвараш як ҳавопаймои низомии амрикоиро дар наздикии ҷазираи Ла Орхила ошкор кардааст, ки рузи шанбе бар ҳарими он машғули гашт буд. Мақомоти расмии Амрико ин ҳодисаро парвози ноогоҳона номидаанд ва гуфтаанд, ҳавопаймо амалиёти зидди маводи мухаддир анҷом медодааст, вале мушкили фаннии самтёбӣ пеш омадааст ва ноогоҳона ба қаламрави Венесуэла даромадааст.
XS
SM
MD
LG