Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ду сарбози НАТО дар Афғонистон


Дар ҷануби Афғонистон: маркази ошӯбҳои зери раҳбарии толибон, ду сарбози паймони НАТО ба ҳалокат расиданд. Дар изҳороти нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) гуфта мешавад, ки сарбози аввал бо оташи душман ба қатл расид. Сарбози дуюм бошад, аз таркиши ҷиҳози мунфаҷир ҳангоми кумак ба амалиёти полиси миллии афғон ҳалок шуд. Ҳодисаҳо дар ҷойҳои мухталиф 19-уми май ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар бораи макони ҳодиса ва шаҳрвандии сарбозони кушташуда иттилое нашр нашудааст. Британия иброз доштааст, ки рӯзи душанбе бар асари таркиш дар вилояти Ҳилманд як сарбози ин кишвар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG