Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ додгоҳи ҳампаймонҳои Саддом идома ёфт


Додгоҳи Ироқ муҳокимаи собиқ муовини сарвазири ин кишвар Ториқ Азизро аз сар гирифт. Ҳамроҳ бо ӯ ҳафт мансабдори режими Саддом Ҳусайн бо иттиҳоми куштори даҳҳо тоҷир дар соли 1992 муҳокима мешаванд.
Агар ҷурми ҳашт нафари ёдшуда собит гардад, онҳо барои куштори 42 тоҷири муттаҳам бо боло бурдани нархҳо ҳукми эъдом мегиранд.
Додгоҳ моҳи гузашта оғоз ёфта, баъди шикояти Азиз мутаваққиф шуд. Азиз изҳор намуда буд, ки бо сабабҳои амниятӣ вакили мудофиаи ӯ дар додгоҳ иштирок карда наметавонад. Имрӯз ҳам дар толори додгоҳ касе аз Азиз дифоъ намекард. Азиз моҳи апрели соли 2003 дар паи оғози амалиёти эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Ироқ худро ба нерӯҳои ИМА таслим намуд.
Яке аз муттаҳамҳои дигар дар ин додгоҳ Алӣ Ҳасан Маҷиди маъруф бо номи Алии Химиявӣ аст, ки дар як қазияи дигар ҳам ба эъдом маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG