Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи Чин 51 000 нафарро куштааст


Мақомоти Чин мегӯянд, теъдоди қурбониёни заминларза дар ин кишвар ба 51 000 нафар расидааст. То кунун 29 000 тани дигар то кунун бенишон ҳастанд ва 4000 кӯдак ятим мондаанд. Пештар аз ин мақомоти Чин гуфтанд, ки барои бозмондагони заминларза ба се миллион адад хайма ниёз доранд, то миллионҳо нафар мардуми бесарпаноҳмондаи вилояти Сичуанро бо паноҳгоҳи муваққатӣ таъмин кунанд. Дар ин вилоят миллионҳо хона ба хок яксон шудааст. Айни ҳол пас аз се рӯзи мотам дар Чин, имрӯз ҳаракати машъали олимпӣ дигарбора идома кард. Машъали олимпӣ аз вилояти Сичуан ҳам хоҳад гузашт, вале каме пештар аз остонаи бозиҳо, ки моҳи август дар шаҳри Пекин оғоз мешавад.

XS
SM
MD
LG