Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 нафар дар задухӯрди Кӯлоб


Субҳи имрӯз дар ҷараёни задухӯрди байни нирӯҳои вижаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва тарафдорони мусаллаҳи Сӯҳроб Лангариев дар шаҳри Кӯлоб 2 раҳгузар кушта ва 4 афсари милиса захмӣ шудаанд. Сӯҳроб Лангариев, бародари фармондеҳи соли 1992 кушташудаи Фронти Халқӣ Лангарӣ Лангариев, ба куштор ва қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Ба бовари мақомот, Лангариев дар манзилаш беш аз 100 кило ҳероинро амбор кардааст.

Нирӯҳои милиса давру бари манзили Сӯҳроб Лангариев дар Кӯлоб иҳота карда, шоҳроҳи Душанбе –Кӯлобро аз самти Данғара бастаанд. Музокироти мақомот бо Сӯҳроб Лангариев, бо вуҷуди ҷалби падари ӯ Салмон бенатиҷа анҷом ёфта ва шоми имрӯз тирпарронӣ дубора оғоз ёфтааст.

XS
SM
MD
LG