Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми шоҳӣ дар Непал барҳам хӯрд


Имрӯз парлумони Непал ба савганд оварда шуд. Бино ба хабарҳо, чанд дақиқа пас аз адои савганди Маҷлис, подшоҳи Непал Гиянендра бо як корвони хурди иборат аз танҳо 3 мошин Қасри подшоҳиро тарк кардааст. Субҳи имрӯз давлати Непал аз Гиянендра тақозо карда буд, Қасри подшоҳиро ихтиёран тарк кунад, вагарна бо истифода аз нирӯ берунаш хоҳанд кард.

Қарор аст, дар пайи лағви низоми подшоҳӣ ва ҷумҳурии демократӣ эълон кардани Непал, вакилони парлумон ба таҳияи Қонуни асосии кишвар бипардозанд. Лағви низоми шоҳӣ яке аз нукоти аслии созишномаи сулҳи 2 сол пеш имзошуда бо чирикиҳои марксисти пайрави Мао Зе Дун буд.

XS
SM
MD
LG