Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар Кӯлоб дубора оғоз ёфтааст


Бино ба хабарҳои расида аз шаҳри Кӯлоб, музокироти байни мақомот ва Сӯҳроб Лангариев бо вуҷуди ҷалби падараш Салмон Лангариев бенатиҷа анҷом ёфта, тирпарронӣ аз нав оғоз ёфтааст. Субҳи имрӯз нирӯҳои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон манзили Сӯҳроб Лангариев, бародари фармондеҳи соли 1992 кушташудаи Фронти Халқӣ Лангарӣ Лангариевро дар маҳллаи 1 Майи шаҳри Кӯлоб иҳота карданд. Дар ҷараёни задухӯрди байни нирӯҳои милиса ва тарафдорони мусаллаҳи Сӯҳроб Лангариев субҳи имрӯз дар Кӯлоб 2 раҳгузар кушта ва 4 афсари милиса захмӣ шуданд.

Сӯҳроб Лангариев ба куштор ва қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Хабаргузориҳо менависанд, ба бовари мақомот, Лангариев дар манзилаш беш аз 100 кило ҳероинро амбор кардааст. Нирӯҳои милиса давру бари манзили Лангариевро муҳосира карда, шоҳроҳи Душанбе – Кӯлобро низ аз самти Данғара бастаанд.
XS
SM
MD
LG