Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Лангариевро боздошт кардаанд


Бино ба хабарҳои расида аз шаҳри Кӯлоб, амалиёти вижаи мақомот ба хотири боздошти Сӯҳроб Лангариев, ки дар қочоқи мақодири бузурги маводи мухаддир муттаҳам мешуд, ба поён расида, Лангариев ва 3 тан аз ёронаш боздошт шудаанд.

Сарнавишти боқӣ тарафдорони мусаллаҳи Лангариев, ки ба нирӯҳои давлатӣ муқовимати шадид нишон доданд, ҳанӯз маълум нест.

Амалиёти мақомоти Тоҷикистон алайҳи Сӯҳроб Лангариев, бародари фармондеҳи соли 1992 кушташудаи Фронти Халқӣ Лангарӣ Лангариев, субҳи имрӯз оғоз ёфт. Мақомот атрофи манзили Сӯҳроб Лангариев дар маҳаллаи 1 майи шаҳри Кӯлобро иҳота карда, шоҳроҳи Душанбе – Кӯлобро низ аз самти Данғара бастанд.

Гуфта мешавад, танҳо дар ҷараёни задухӯрди субҳи имрӯз байни нирӯҳои милиса ва тарафдорони мусаллаҳи Сӯҳроб Лангариев дар Кӯлоб 2 раҳгузар кушта ва 4 афсари милиса захмӣ шуданд, вале шумори дақиқи куштаву захмишудагон дар даргириҳои имрӯзаи Кӯлоб ҳанӯз дастрас нест.
XS
SM
MD
LG