Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди аҳзоби Тоҷикистон ҷиҳати танзими нархҳо


Панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон аз ҳукумат хостаанд, то дар роҳи ҷилавгирӣ аз афзоиши дардноки қимати маводи ғизоӣ тадобири муассир рӯи даст бигирад. Ҳизби Сотсиал Демократ, Наҳзати Исломӣ ва се ҳизби дигар ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, то молиёт ва боҷи гумрукиро ба хотири поён бурдани қимати маводи ғизоӣ камтар кунад. Дар Тоҷикистон қимати маводи ғизоӣ имсол ба таври бесобиқа боло рафта ва вазъи мардуми камбизоати кишварро боз ҳам бадтар кард. Қимати маҳсулоти нонӣ, ки ғизои аслии мардуми Тоҷикистон аст, соли равон бештар аз 40 дар сад афзуд.

XS
SM
MD
LG