Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машруъияти аъмоли ҳизби ҳоким дар баррасии додгоҳ


Имрӯз мурофиаи додгоҳии зидди ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеаи Туркия шурӯъ шуд, ки аз ҷониби додситони кулли ин кишвар Абдураҳмон Ялчинкая дар фаъолиятҳои ғайридунявӣ ва кӯшиши бунёди давлати исломӣ муттаҳам мешавад. Додситон Ялчинкая иттиҳомоти худро дар додгоҳи Қонуни Асосии ин кишвар ироа кард. Нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва ҳизби Адолат ва Тавсеаи вай ин иттиҳомотро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин қазия дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Ҳизби ҳоким бояд рӯзи панҷшанбе дар баробари додгоҳ ҳозир шуда, аз худ дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG