Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон метавонад раҳбари САҲА шавад


Раҳбари феълии САҲА имрӯз дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев гуфт, ки солҳои наздик ин ҷумҳурӣ метавонад раҳбарии давраии САҲАро ба ӯҳда гирад. Александр Стубб, ки бо як сафари корӣ аз Қирғизистон дидан мекунад, гуфт, ки Қирғизистон дар масоили мисли "бунёди ҷомеаи демократӣ, замонати озодии баён ва ҳимояи ҳуқуқи башар" дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пешгом аст.
XS
SM
MD
LG