Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Феникс" дар Миррих об пайдо кард


Оҷонси фазонавардии Амрико ё НАСА эълом намуд, ки таҳқиқоти фазопаймои “Феникс” мавҷуд будани об дар сайёраи Миррихро тайид кардааст. Пажуҳишгари НАСА ва Донишгоҳи Аризона Вилям Бойтон дар як баёния гуфтааст, ки "мушоҳидаҳои моҳвораи “Одиссей” ва фазопаймои "Феникс" ҳанӯз моҳи гузашта аз мавҷудияти об дар Миррих дарак медод ва аммо ин хабари барои мардуми Замин воқеъан ҳам ҷолиб дирӯз бар асари охирин тадқиқоти "Феникс" тасдиқ гардид.

Фазопаймои “Феникс” 25 май барои пажуҳиши қисмати шимолии саӣёра дар Миррих фуруд омада буд.
XS
SM
MD
LG