Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба паноҳгоҳи ҷангиён дар Покистон


Нерӯҳои амниятии Покистон, имрӯз бо истифода аз чархболу тӯп ба чандин паноҳгоҳи ҷангиён дар дараи Свот ҳамла бурдаанд. Аҳтар Аббос, сухангӯйи артиши Покистон, мегӯяд, тайи се рӯз дар водии Свот 45 шӯришӣ ва 5 афсари низомӣ кушта шудаанд. Ҳамчунин аз марги ҳудудан 20 нафари дигар иттилоъ дода мешавад, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ будаанд. Ин бархӯрд оташбаси думоҳаро, ки бо ташаббуси ҳукумати нави Покистон бо раҳбарони қабилаҳо баста шуда буд, хотима бахшид. Низомиёни Покистон моҳи ноябри соли гузашта, пас аз он ки тарафдорони рӯҳонии тундрав Мавлоно Фазлуллоҳ мехостанд шеваи роҳбарии Толибонро ҷорӣ кунанд, фишор болои онҳо дар дараи Свотро нерӯ бахшид.
XS
SM
MD
LG