Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯъиқасд ба ҷони вазири дохилаи Ингушистон


Normal 0

Як бамбгузори маргталаб худро дар пойтахти Ингушистон, шаҳри Назран, ба хотири сӯъиқасд ба ҷони вазири умури дохилаи ин ҷумҳурии Русия Мӯсо Медов мунфаҷир кардааст.

Мӯсо Медов аз ин ҳамла ҷони солим ба дар овард, вале дар асари таркиш 3 раҳгузар ва ронанда захм бардоштаанд.

Ингушистон, ин ҷумҳурии умдатан мусалмоннишини Қафқоз ва ҳамҷавори Чеченистон, тайи солҳои охир ба мавҷи сӯъиқасду ҳамалот алайҳи нирӯҳои артиш ва пулис рӯбарӯ шудааст.


XS
SM
MD
LG