Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо бӯҳрони молиро баррасӣ хоҳад кард


Бузургтарин қудратҳои иқтисодии Аврупо - Фаронса, Бритониё, Олмон ва Итолиё рӯзи шанбе дар Париж барои баррасии вазъи бӯҳронии иқтисодӣ ташкили ҷаласа мекунанд. Жан Клод Юнкер, вазири молияи Люксембург ва раиси кумитаи вазирони молияи кишварҳои ба истилоҳ еврозона дар сӯҳбат бо радиои "Европа 1" гуфт, ки чаҳор мақом ҳамчун аъзои қисмати аврупоии созмони G8 мулоқот хоҳанд кард. Қаблан барои ташкили ин нишаст раиси давраии Иттиҳодияи Аврупо раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ даъвате карда буд.
XS
SM
MD
LG