Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабудванд 11 солро дар зиндон сипарӣ мекунад


Додгоҳи таҷдиди назари Эрон ҳукми 11 соли зиндонро барои як фаъоли ҳуқуқи инсон ва журналисти курдтабор Муҳаммадсодиқ Кабудванд бетағйир гузошт. Додгоҳ амалҳои ӯро чун хилофи амнияти миллӣ арзёбӣ кардааст. Вакили вай Насрин Сутӯда гуфт, ки ҳукми додгоҳи таҷдиди назарро мешавад чун аломати хатар ба дигар фаъолони ҳуқуқи башар дар сартосари Эрон арзёбӣ кард. Кабудванд се соли пеш созмони Дифоъ аз ҳуқуқи инсони Курдистонро таъсис додааст.
XS
SM
MD
LG