Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаннуҷи нав миёни Русия ва Гурҷистон


Дар ҷараёни таҷлили панҷумин солгарди инқилоби садбаргии Гурҷистон ташаннуҷ миёни ин кишвар ва Русия меафзояд.

Тифлис Маскавро ба он айбдор мекунад, ки сарбозонаш дар Осетияи Ҷанубӣ ба сӯи мошини президентҳои Гурҷистон ва Лаҳистон тирандозӣ карданд. Касе аз ин тирандозӣ осеб надидааст. Ду президент мехостанд аз вазъи паноҳандагон, ки дар моҳи август аз ҷанги байни Русия ва Гурҷистон манзили худро тарк кардаанд, дидан кунанд.

Ҳодиса дар ҳоле иттифоқ афтод, ки ду президент аз манотиқи наздик ба Осетияи Ҷанубӣ, ки ҳоло дар зери тасарруфи Русия аст, дидан мекарданд. Мақомоти Русия ва Осетияи Ҷанубӣ мегӯянд, дасте дар ин ҳодиса надоранд. Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, иттиҳомотро рад карда, худи Гурҷистонро ба иғвоангезӣ айбдор намуд.

Дар паёми телевизионияш, президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ аз гурҷиҳо даъват кард, монанди рӯзҳои инқилоби садбаргӣ дар баробари "таҳдиди хатарнок"-и Русия муттаҳид шаванд. Президенти Лаҳистон, Лех Качински гуфт, маълум набуд, тирандозӣ ба сӯи мошинҳо сурат гирифт ё ба осмон.

Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров гуфт, одат шудааст, ки тарафи Гурҷистон худ чунин иғвогариҳоро созмон диҳад ва сипас, Русия ва Осетияи Ҷанубиро дар нақзи оташбас гунаҳкор намояд.

Аммо хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ҳарбиёни Осетияи Ҷанубӣ чанд бор баро огоҳӣ ба осмон тир холӣ кардаанд ва ин ҳодиса сабаби тарсу ҳарос гаштааст. Хабаргузорӣ меафзояд, аммо гурҷиҳо мехоҳанд сарбозони Русияро дар ин моҷаро айбдор кунанд.

Ба ҳаво тир парондан ҳангоми сафари президентҳои ду мамлакат ба яке аз посгоҳҳо дар хатти байни Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз кадом тарафе набошад, моҷарои сиёсист. Президенти Лаҳистон Лех Качински ба Гурҷистон сафар кард, то дар таҷлили инқилоби садбаргии ин кишвар ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG