Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Газ дигар арзон нахоҳад буд"


Владимир Путин, сарвазири Русия гуфт, замони гази арзон гузашт ва ҳамакнун дигар маводи сӯхт арзон нахоҳад буд.

Зимни суханронӣ дар нишасти вазирони энержии кишварҳои содиркунандаи газ дар Маскав ӯ болоравии қиммати газро бо он далел марбут кард, ки ҳаҷми газ дар чоҳҳо торафт коҳиш меёбад ва ҳамзамон хароҷот барои кашф, истихроҷ ва интиқоли ин маводи сӯхт боло меравад.

Сарвазири Русия дар ин нишаст ҳамчунин хостори ба ниҳоди доимӣ табдил ёфтани Форуми кишварҳои тавлидкунандаи газ гардид. Ӯ гуфт, ки ин форум бояд ойиннома ва қароргоҳи худро дошта бошад. Гуфта мешавад, ки таъсиси як ниҳоди кишварҳои тавлидкунандаи газ аз мавзӯъҳои аслии нишасти Маскав аст. Владимир Путин ба ҳайси қароргоҳи доимии Форуми кишварҳои тавлидкунандаи газ шаҳри Санкт-Петербургро пешниҳод кард. Аз ин пеш мақомоти Қатар барои мустақаршавии қароргоҳи Форум дар пойтахти ин кишвар – Доҳа изҳори омодагӣ карда буданд.

Панҷ кишвар – Русия, Эрон, Қатар, Венесуэла ва Алҷазоир - аз се ду ҳиссаи захоири гази табиии сайёраро дар ихтиёр доранд ва дар маҷмӯъ 42 дарсади гази ҷаҳонро тавлид мекунанд. Ба феҳрасти кишварҳои дорои захоири бузурги газ ҳамчунин Нигерия, Либия, Малайзия, Миср, Аморати Муттаҳидаи Араб, Боливия, Бруней, Индонезӣ ва Тринидаду Тобаго низ шомиланд. Ҳайатҳои ин кишварҳо аз соли 2001 ба ин сӯ ҳамасола барои баррасии масоили мубрами тавлиди гази табиӣ нишастҳо доир мекунанд.

Ду кишвари дигари тавлидкунандаи гази табиӣ – Гвенея ва Норвегия дар нишасти Маскав ба ҳайси нозир ширкат мекунанд. Нишасти вазирони энержии кишварҳои содиркунандаи газ дар пойтахти Русия дар ҳоле доир мешавад, ки Ғарб аз имкони аз сӯи ин мамолик таъсис шудани созмоне чун ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт изҳори нигаронӣ мекунад. Аз нигоҳи онҳо, Русия бо таъсиси ин гуна созмон ва тавассути назорати содироту қиммати газ фишорро болои кишварҳои ғарбӣ афзоиш хоҳад дод.

Аммо мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳадаф аз таъсиси созмони нав ҳамоҳанг сохтани сиёсати энержӣ миёни кишварҳои тавлидкунанда ва истеъмолкунандагони гази табиӣ аст, на муқаррар кардани ҳаҷми истихроҷи газ ва қимати ҷаҳонии он. Александр Медведев, нойиби раиси Шӯрои руасои ширкати “Газпром”-и Русия гуфт, истифодаи механизмҳои ОПЕК дар фаъолияти бозори газ ғайримумкин аст, зеро механизми асосӣ дар ОПЕК - муқаррар кардани квотаи тавлидот ба хотири эътидоли қимат аст, ки дар кори мо номумкин хоҳад буд.

Коршиносон бо ин ақида мувофиқанд ва мегӯянд, таъсиси созмоне чун ОПЕК аз сӯи кишварҳои тавлидкунандаи гази табиӣ талоши беҳуда аст, зеро барои содироти он бунёди лулаҳои интиқоли газ зарур аст ва бунёди ин лулаҳо миллиардҳо долларро талаб дорад. Маҳз ба ҳамин хотир кишварҳои дорои захоири газ бо кишварҳои ниёзманд ба ин маводи сӯхт созмонҳои дарозмуддат имзо мекунанд.

Зимнан сарвазири Русия Владимир Путин ҳам сару садоҳо дар мавриди таъсиси созмони ҳамсони ОПЕК-ро бепояву бебунёд номид. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳар кишвар мехоҳад дар робита ба тавлиди ҳаҷми гази табиӣ мустақилона тасмим бигирад. Гуфта мешавад, аз ин пеш Русия, Эрон ва Қатар – се кишвари дорои захоири бузурги газ тасмим гирифта буданд, ки дар чаҳорчӯби ниҳоди нави кишварҳои тавлидкунандаи гази табиӣ тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.

XS
SM
MD
LG