Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати зиёда аз 270 нафар дар Навори Ғазза


Сӯхтор дар урдугоҳи паноҳандагони Бурейҷ пас аз ҳамлаи ҳавоии Исроиол дар Ғазза
Сӯхтор дар урдугоҳи паноҳандагони Бурейҷ пас аз ҳамлаи ҳавоии Исроиол дар Ғазза

Бар асари ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Исроил 27-уми декабр дар Навори Ғазза 271 нафар кушта ва зиёда аз 400 тани дигар захмӣ шудаанд.

Нерӯҳои ҳавоии Исроил имрӯз як амалиётеро ба зидди таъсисоти созмони Ҳамос дар Навори Ғазза шурӯъ кардаанд.

Артиши Исроил гуфт, онҳо зербунёдҳои терористиро дар ин маҳал нишон гирифтаанд. Пештар аз ин нахуствазир Эҳуд Олмерт дастур додааст, то дар ҷавоб ба мушакандозиҳо аз маҳалҳои фаластинӣ ба Исроил иқдомоти ҷавобӣ андешида шавад.

Телевизиони "ал-Ҷазира" аз қавли манобеъи бемористонҳои фаластинӣ гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти ҳавоии нерӯҳои Исроил беш аз 200 нафар кушта ва 400 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Манобеъи дигар теъдоди қурбониёнро камтар гуфтаанд.

Айни замон як сухангӯи низомии Исроил гуфтааст, нерӯҳои кишвараш дар ин амалиёт ҳамла ба раҳбарони Ҳамос дар Навори Ғаззаро низ сарфи назар намекунанд. Фаронсаву Русия хостаанд, то Исроил ба ин юриш ва созмони Ҳамос ба мушакандозӣ ба қаламрави Исроил хотима диҳад.

Чунонки дабири кулли ЛКА Амр Мӯсо эълом намуд, вузарои хориҷаи кишварҳои узви Лигаи кишварҳои арабӣ (ЛКА) 28-уми декабр дар Қоҳира, пойтахти Миср, ҷиҳати баргузорсозии як ҷаласаи изтирорӣ, ки ба афзудани ташаннуҷ дар минтақаи Ғазза бастагӣ дорад, ҷамъ меоянд. Қатар, Арабистонм саъудӣ, Либӣ, Сурия ва Яман ташаббускорони баргузории ин ҷаласа мебошанд.

Ба қавли Амр Мӯсо, кишварҳои арабӣ ҳамчунин ба Шӯрои амнияти СММ бо талаби гузаронидани ҷаласаи изтирорӣ оид ба вазъ дар Ғазза муроҷиъат карданианд.

Дар ҳамин ҳол, сарварони кишварҳои арабӣ таҷовузи Исроилро шадидан маҳкум намуда, аз он даъват намуданд, ки фавран амалиёти низомӣ ба ин минтақаи фаластиниро қатъ кунад. Амали артиши Исроилро инчунин Покистон, Эрон, Туркия, Фаронса, Бритониёи Кабир, Австрия, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо маҳкум намуданд.

ИМА, дар навбати худ, аз Исроил даъват намуданд, ки ба қурбоншавии мардум роҳ надиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Амрико эълом намудааст, ки ҲАМОС бояд ҳуҷумҳои ҷавобиро қатъ намояд.

Дар бастагӣ ба ин ҳодиса сафири Исроил дар Миср ба вазорати хориҷаи ин кишвар даъват шудааст. Мақомоти расмии Миср ҷурми ҳалокати мардуми осоиштаро ба зиммаи артиши Исроил гузошт ва ваъда додааст, ки ҳама кӯшишро хоҳад кард, то сулҳ дар минтақа барқарор шавад. Ин чунин хабар дода мешавад, ки барои интиқоли захмиҳои фаластинӣ Миср марзи худ бо минтақаи Ғаззаро боз кардааст.

Дар Уммон, пойтахти Урдун, садҳо одамон дар назди намояндагии СММ ҷиҳати маҳкумияти амалиёти низомии Исроил дар минтақаи Ғазза ҷамъ омаданд. Инчунин гирдиҳамоиҳои калони эътирозӣ дар урдугоҳҳои гурезаҳои фаластинӣ дар Либӣ, Сурия ва Соҳили бохтарии рӯди Урдун дар Навори Ғаза доир гардиданд.

Шоҳидони ҳодиса иддаъо мекунанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба шаҳр на камтар аз 30 рокет партофтааст. Ҳамин тариқ, сулҳи шашмоҳа байни Исроил ва ҲАМОС анҷом ёфт.
XS
SM
MD
LG