Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз авзоъ дар Ховари Миёна


Фаластиниён ба зане кӯмак мекунанд, ки аз ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Исроил захмӣ шудааст. 28 декабри соли 2008.
Фаластиниён ба зане кӯмак мекунанд, ки аз ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Исроил захмӣ шудааст. 28 декабри соли 2008.

Ҳавопаймоҳои Исроил имрӯз низ ба марказҳои Ҳамос дар Навори Ғазза ҳамла карданд. Дар ду рӯзи ин амалиёт на камтар аз 280 нафар кушта шудаанд.

Дар Навори Ғазза рӯзи якшанбе низ сутунҳои дуди ғализ ба чашм мерасид, чун ҳавопаймоҳои Исроил ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ин минтақаро идома доданд. Низомиёни Исроил мегӯянд, ҳамлаҳои онҳо ба таъсисоти низомӣ дапр Навори Ғазза ҷавоб ба ҳамлаҳои афзояндаи мушакӣ ба Исроил аз сӯи тундравони Ҳамос аст.

Дар Навори Ғазза бесарусомонӣ ҳукмфармост ва бемористонҳову табибон кӯшиш доранд, то ғами маҷрӯҳон ва ҷасадҳоро бихуранд. Ба гуфтаи мақомоти Фаластиниён то кунун дар амалиёти нерӯҳои Исроил на камтар аз 280 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Бар асоси гузоришҳо аксари қурбониён аъзои нерӯҳои амниятии созмони Ҳамос ҳастанд, аммо ба гуфтаи мақомоти Фаластиниён талафот дар миёни ғайринизомиён ҳам ҳаст. Тундравон дар Навори Ғазза асосан дар маҳалҳои аҳолинишин фаъолият мекунанд ва тир меандозанд.

Созмони Ҳамос баъди пириӯзӣ дар интихоботи порлумонии соли 2006 18 моҳ боз аст, ки дар Навори Ғазза ҳукмронӣ мекунад. Вале аксари кишварҳои ғарбӣ аз ин гурӯҳ парҳез мекунанд, чаро ки он созмони Ҳамос Исроилро ба расмият намешиносад ва хушунатро маҳкум намекунад.

Раҳбари Ҳамос Исмоил Ҳания гуфт, фаластиниён то кунун қатли оми зиштеро шоҳид нашуда буданд. Вай афзуд, ки созмони Ҳамос барои ин кор аз Исроил ниқор хоҳад гирифт, аз ҷумла бо бомбгузориҳои маргталабона дар дохили он кишвар.

Ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Димишқ пойтахти Сурия Холид Машъал ба интифодо ё қиёми дигарбора алайҳи Исроил даъват кард. Вай гуфт: "Ин як фурсати таърихист. Онгуна,ки дар интифодаи аввал мо китф ба китфи ҳамдигар истодем новобаста аз ихтилофот сиёси миёни ҳам дар интифодои дуввум низ китф ба китфи ҳамдигар меистем. Ончӣ ки мо имрӯз ниёз дорем, ҳамроҳ будан дар интифодои оянда дар мухолифати якҷояи мо на танҳо дар Ғазза, балки дар Канораи Ғарб аст."

Исроил мегӯяд, ҳамла ба Ғазза посух ба зарбаҳои мушакии тундравон ба Исроил аст, ки баъди анҷоми созиши оташбас дар шаш рӯзи пеш ҳар рӯз маҳалҳои Исроилиро ҳадаф мегиранд.

Ба гуфтаи артиши Исроил тундравони Ҳамос дар як ҳафтаи гузашта ба хоки Исроил 300 мушак андохтаанд. Як мард бар асари ин ҳамлаҳо дар шаҳри Нетивот кушта ва шаш тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Эҳтимоли шиддат гирифтани муноқиша дар.

Навори Ғазза мояи нигаронӣ шудааст, ки вазъи башарӣ дар инҷо бад хоҳад шуд. Раҳбарони ҷаҳонӣ аз Бритониё, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, Ватикан аз тарафҳои даргир хостаанд, аз хушунат парҳез кунанд.

Зимни як баёнияи Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба қатъи фаврии низоъ даъват кард ва аз тарафҳо хост, тамоми чораҳои лозимро биандешанд, то бӯҳрони башарӣ дар Навори Ғазза ба вуқӯъ напайвандад.

Бисёре аз сокинони Ғазза пойбанди кӯмакҳои ғизоӣ ва доруворӣ ҳастанд ва захираҳои онҳо камтар шудааст. Қарор аст, Лигаи Кишварҳои Араб рӯзи чаҳоршанбе 31 декабр барои баррасии муноқиша дар Ховари Миёна як нишасти изтирорӣ баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG