Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабҳои қатъи даргириҳо дар навори Ғаза


Ҳамоиши зиддиисроилӣ дар Теҳрон
Ҳамоиши зиддиисроилӣ дар Теҳрон

Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо хостори қатъи даргириҳо миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС шуданд ва дар ҳамин ҳол Исроил беш аз 6 ҳазор сарбозони эҳтиётиро барои адои хизмат даъват намуд ва эълом дошт, ки ҳамла ба навори Ғазаро густардатар хоҳад кард. Марк Реҷев, сухангӯи сарвазири Исроил ба хабарнигорон гуфт, амалиёт то он замоне идома хоҳад кард, ки мардуми манотиқи ҷанубии Исроил аз тарсу таҳдиди мушакборони ҳамарӯза эмин бимонанд.

Бар асари ҳамлаҳои ахири ҳавопаймоҳои низомии Исроил Донишгоҳи исломӣ ва маҷмаати ҳукуматӣ дар навори Ғаза тахриб шуданд. Ҳамзамон Исроил низомиён ва танку зиреҳпӯшҳои худро дар марзи навори Ғаза омодаи ҷанг кардааст. Ва аммо дар ҳамин ҳол масъулини ҲАМОС изҳор мекунанд, ки онҳо муқовиматро идома хоҳанд дод. Фавзӣ Барҳум, намояндаи фаластиниҳо гуфт, ки онҳо барои дифоъ аз ҳама васоил, аз ҷумла, ҳамлаҳои маргталабона дар Исроил кор хоҳанд гирифт.

Шӯрои амнияти СММ хостори қатъи хушунат дар навори Ғаза шуд. Ва аммо дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳида гуфт, маҳз гурӯҳи ҲАМОС масъули эҳёи дубораи оташбас аст, ки бо гузашти шаш моҳ рӯзи 19 декабр поён ёфта буд.

Ҳамлаи Исроил ҳамчунин қаҳру ғазаби мардуми Ховари Миёнаро барангехтааст. Раҳбари рӯҳонии Эрон, Оятулло Алии Хоманеӣ аз кишварҳои мусалмон хостори муҷозоти Исроил шуд ва дар ҳамин ҳол даҳҳо ҳазор сокинони Теҳрон дар як ҳамоиши алайҳи Исроил ҷамъ омаданд.

Ба иттилоъи ҲАМОС, бар асари ҳамлаи Исроил беш аз 300 нафар ба ҳалокат расиданд, ки тақрибан 180 тани онҳо узви ин созмон, асосан афсарони амниятӣ ва боқимонда ҳамагӣ мардуми осоиштаанд. Миёни қурбониён 16 зан ва чанд тифл низ ҳастанд. Ва аммо ба иттилоъи СММ, то имрӯз дар навори Ғаза 51 сокини осоишта кушта шудаанд.

Исроил, ки тибқи хабарҳо, бар асари мушакборон як сокинаш кушта шудааст, имрӯз ба мошинҳои боркаш барои интиқоли кумаки башарӣ ба навори Ғаза иҷоза дод. Дар ҳамин ҳол, Анна София Бонефелд, сухангӯи Кумитаи Салиби Сурх дар Байтулмуқаддас ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи бемористонҳои навори Ғаза нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, теъдоди бузурги сокинони навори Ғаза баъди ҳамлаи Исроил талош доранд, ки дар қаламрави Миср панаҳ баранд. Имрӯз дар талошҳои полис барои ҷилавгирӣ аз мавҷи паноҳандагон ба кишвари ҳамсоя як марзбони мисрӣ ва як ҷавони фаластинӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG