Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ҳамлаҳои Predator-ҳоро маҳкум кард


Раисҷумҳури Покистон ҳамлаҳои мушакии ИМА болои ҳадафҳои эҳтимолии террористон дар манотиқи қабиланишини ин кишварро шадидан маҳкум кард.

Сухангӯи президент Фарҳодулло Бобар дар нақли қавл аз раисҷумҳур Осиф Алии Зардорӣ гуфт, ки "ҳамлаҳои мазкур ба муборизаи зидди террор кӯмак нахоҳад кард". Бобар гуфт, раисҷумҳури Покистон бо чунин лаҳн дар мулоқоте бо сафири Амрико дар Исломобод Энн Паттерсон изҳорот додааст.

Ин маротибаи дуюм аст, ки раҳбари Покистон бо як лаҳни хеле тунд аз ҳамлаҳои дугонаи мушакии амрикоиҳо болои манотиқи марзии кишвараш, ки мунҷар ба ҳалокати 22 нафар шудааст, ёдовар мешавад. Мақомот мегӯянд, ҳашт гумонбари кушташуда ҷангиёни хориҷӣ буданд ва аммо ҳуввияти дигарҳо шиносоӣ нашудааст, ҳарчанд таъкид кард, ки дар миёни кушташудаҳо шумори муайяне аз мардуми осоишта буданд.

Вазорати хориҷаи Покистон бо пахши изҳороте гуфт, умед дорад маъмурияти призиденти нави Амрико Барак Обама сиёсати партоби мушакҳо тавассути ҳавопаймоҳои бидуни халабонро бознигарӣ мекунад. Баъди ба кор шурӯъ кардани Обама дар таърихи 20 январ, ин нахустин ҳамлаи мушакии амрикоӣ буд, ки болои манотиқи қабиланишин анҷом шуд. Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки ин ҳамлаҳо беманфиат буда, набояд такрор шаванд.

Ҳамлаҳои дугонаи мушакӣ, ки рӯзи 23 январ сурат гирифт, пойгоҳи ал-Қоидаро дар минтақаи Вазиристон ҳадаф қарор додааст. Дар миёни 22 қурбонии ин ҳамлаҳо 8 нафар ба ҳайси ҷангиёни эҳтимолии хориҷӣ шиносоӣ шудаанд. Яке аз онҳо ҷангии мисрӣ Мустафо ал-Масрӣ мебошад. Ҳоло мақомоти Покистон ин масъаларо мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки то кадом андоза Масрӣ дар амалёти террористӣ фаъолона иштирок кардааст.

ИМА ба таври рӯшод таъйид накард, ки дар минтақаи марзии Покистон амалиёти мушакандозиро анҷом додааст. Покистониҳо мегӯянд, алорағми як ҷузве аз амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор будани Исломобод, нируҳои ИМА дар хоки Покистон гоҳо ба таври ҷудогона аз ҳамкорони покистониашон амал мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳавопаймоҳои бидуни халабони ҳомили мушакҳо, ки дар хоки Афғонистон мустақар мебошанд, ҳар рӯз аз болои манотиқи қабиланишини Покистон парвозҳо анҷом медиҳанд. Ва моҳҳои охир шумори ҳамлаҳои мушакии ҳавоӣ тавассути чунин ҳавопаймоҳои ҷангии навъи Predator боз ҳам бештар мешавад. Тибқи гузоришҳо, шурӯъ аз моҳи август то имрӯз 30 мавриди ҳамлаҳои мушакии ҳавоӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз нисфи он дар чаҳор моҳи охир сабт шудааст.

Покистон пайваста ба Вашингтон дар ин замина эътироз баён мекунад, вале ин нахустин бор аст, ки чунин эътирозҳои шадидлаҳн дар сатҳи раисҷумҳури ин кишвар садо дода бошад. Покистон дарёфткунандаи азимтарини кӯмакҳои башариву низмоии ИМА мебошад ва дар посух ба ин ёриҳо аз амалиёти зиддитеррори Вашингтон тарафдорӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки Покистон ба хотири ҳассосияти чунин вазъ бояд тавозун ё балансро риоя кунад, то ки бо вуҷуди нороҳатиҳояш аз вуруди ҳавопаймоҳои ҷангандаи амрикоӣ ба ҳарими ҳавоиаш шарики калидии Амрико дар масоили амниятӣ боқӣ монад.

Аз сӯи дигар, худи нирӯҳои покистонӣ низ дар манотиқи қабиланишин бо ҷангиён мубориза мебаранд. Аммо яке аз муҳимтарин бахшҳои стратегияи низомии Исломобод ин аст, ки бо забони хуши дипломатӣ бо раҳбарони қабилаҳо дили онҳоро ба даст оварад. Аз ҳамин хотир аст, ки аз назари баъзеҳо амалиёти амрикоиҳо дар асл ба манфиати Исломобод низ ҳаст, ки наметавонад пурра марзҳояшро назорат кунад. Аммо аз сӯи дигар бархе мақомоти покистонӣ мегӯянд, ки маҳз ҳамин духӯрагии сиёсати Исломобод боиси хашму нороҳатии бештари мардуми маҳаллӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG